Вохӯрии Умед Давлатзод бо Халида Бузар
Вохӯрии Умед Давлатзод бо Халида Бузар 24 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо ҳайати намояндагони Бунёди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ (IFAD), ки таҳти роҳбарии Директори Департаменти Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ доктор Халида Бузар ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди минтақаҳо ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар мубодилаи афкори судманд намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бунёди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ дар самтҳои болозикр баён доштанд.