Навиди Вазорат



Ташрифи намояндагони Парлумони Британияи Кабир ба Вазорат

.

25 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳида ҷаноби Найҷел Миллс ва Пол Монангон баргузор гардид.

Қобили тазакур аст, ки дар мулоқот ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир Ҳю Стэнли Филпотт иштирок намуд. 

Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо атрофи масъалаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, вазъияти бонкҳо, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, туризм ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Дар назар аст, ки намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳида ҷаноби Найҷел Миллс ва Паул Монангон 26 октябри соли ҷорӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздиб ба амал оварда, бо фаъолияти субъектҳои он аз наздик шинос шаванд.