Ҷаласаи гурӯҳӣ оид ба натиҷаҳои UNDAF
8 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳии Кумитаи Роҳбарикунанда оид ба натиҷаҳои Барномаи қолабии Созмони Милали Муттаҳид (UNDAF) бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва оҷонсиҳои СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабиниро Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод оғоз намуда, сипас хонум Лючия Элми - и.в., Ҳамоҳангсози доимии СММ, Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон рӯнамо таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди устувор ва UNDAF дар ҳалли афзалиятҳои миллии Тоҷикистон» ва Манучеҳр Раҳмонов Роҳбари Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон дар мавзӯи «UNDAF – татбиқ ва қадамҳои минбаъда» пешкаши ҳозирин намуданд.
Сипас, иштирокчиён роҷеъ ба баррасии Нақша оид ба мониторинг ва арзёбӣ, тақвим, инчунин нақшаи муштараки дусолаи корӣ аз рӯи шаш натиҷа корро дар гурӯҳҳо идома доданд.