Навиди Вазорат



Ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо мақсади рушди муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия 15-16 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири рушди иқтисод ва савдо – Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҳайати Ҷумҳурии Туркияро Муовини Сарвазир - Йлдирим Туғрул роҳбарӣ намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо бо суханони муқаддимавӣ баромад намуданд. Дар ҷаласаи мазкур ҳайатҳои ҳарду ҷониб масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориро муҳокима намуданд. Таваҷҷуҳи бештар ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дода шуд. Дар муносибатҳои байни ду кишвар заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ таъсис дода шуд, ки дар оғози соли 2017 теъдоди он ба зиёда аз 65 адад расид. Ин ҳуҷҷатҳо принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи иқтисодию тиҷоратиро муайян менамояд.

Маълум аст, ки Туркия дар даҳ соли охир ба натиҷаҳои назаррас дар самти ислоҳоти иқтисодиёт ва рушди саноат ноил гардида, ба содиркунандаи азими молу маҳсулот табдил ёфтааст. Чун анъана, муносибатҳои Тоҷикистону Туркия дар принсипҳои шарикии ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд асос ёфтааст. Маҷмӯи васеи ҳамкориҳо дар дӯстии самимии халқҳои мо асос ёфтааст. Ҳарду ҷониб аҳамияти рушди ҳамкориро дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, хизматрасонии фармоишӣ, бонкдорӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, танзими техникӣ, стандартизатсия, меҳнат, тандурустӣ ва маориф таъкид доштанд.

Ҷонибҳо зикр намуданд, ки новобаста аз густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба ва комёбиҳои ноилшуда, ҳаҷми тиҷорати мутақобила иқтидори воқеии ду кишварро инъикос намекунад.

Қобили тазаккур аст, ки дар аснои ҷаласаи Комиссия ҷонибҳо татбиқи Протоколи ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ки рӯзҳои 29-30 ноябри соли 2012 дар шаҳри Анқара баргузор гардида буд, баррасӣ намуданд.

Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия Бизнес-Форум бо иштироки доираҳои васеи тиҷоратии ду кишвар сурат гирифт, ки дар он имкониятҳои сармоягузории ҳарду ҷониб муаррифӣ гардид.

Дар интиҳои ҷаласа протоколи дахлдор ба имзо расид.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное