Навиди Вазорат



Вохӯрии Саидраҳмон Назризода бо Дэвид Эллиотт

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми Вазир, Саидраҳмон Назризода бо Коршиноси калон оид ба бахши хусусии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир, ҷаноби Дэвид Эллиотт баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, дар аснои вохӯрӣ самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла рушди бахши хусусӣ, афзоиши гардиши савдо миёни Тоҷикистону Британияи Кабир, рушди саноати хӯрокворӣ ва сабук мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар интиҳои вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи самтҳои афзалиятдошта баён доштанд.