Навиди Вазорат



Вохӯрии Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳидеки Танабе

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Роҳбари навтаъиншудаи Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар шаҳри Душанбе, ҷаноби Ҳидеки Танабе баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон, рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо омодагии хешро барои ба сатҳи ҷадид баровардани муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Ҷопон изҳор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва JICA баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное