Навиди Вазорат



Нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония

.

14 апрели соли 2017 дар ш. Токио таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва Намояндаи махсуси Япония оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ – Муовини Мудири Департаменти ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупои Вазорати корҳои хориҷии Япония Тошиҳиро Аики нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони расмии ду кишвар, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати иқтисод, савдо ва саноат, Вазорати маориф, фарҳанг, варзиш, илм ва технология, Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), Палатаи савдо ва саноат, Ҷамъияти Япония оид ба савдо бо Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO), Иттиҳодияи дӯстии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ, Иттиҳодияиагентиҳои туристии Япония (JATA), устодони Донишгоҳи Тсукуба, Донишкадаи иқтисодӣ ва энергетикии Япония, Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии кишварҳои Россия ва Авруосиё, инчунин намояндагони ширкатҳои японии ITOCHU Corporation, Hokaido Intellect Tank ваCokySystems ширкат варзиданд.

Зимни ҷаласа доираи васеи ҳамкориҳои дуҷонибадар ростои татбиқинатиҷаи музокироти сатҳи олӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ муҳокима гаштанд.

Миёни ҳамраисони Комиссия таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла вобаста ба соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, энергетика, саноат, илмию техникӣ ва фарҳангӣ зоҳир карда шуд.

Гуфтугӯи судманд доир ба ҳолати иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо дарназардошти дурнамои соҳаҳои ҳамкорӣ дар ин самт сурат гирифт.

Иштирокчиёни ҷаласа қайд намуданд, ки баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣбарои муайян намудани соҳаҳои нав ва эҳёи самтҳои мавҷудаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи он мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни муколама ҷонибҳо мавқеъи муштаракробарои рушди имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкориҳо дар сатҳи давлатӣ ва миёни намояндагони бахши хусусии ду кишвар мувофиқа намуданд.

Аз натиҷаи нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония Протоколи муштарак ба имзо расид.

Дар хотима ҳамраиси қисми тоҷикистонӣҳамтои японии худро барои иштирок дар ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматӣ,ки баргузории он дар ш. Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.