Навиди Вазорат



Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини парлумонии вазири иқтисод, савдо ва саноати Япония

.

14 апрели соли 2017 дар доираи нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Муовини парлумонии вазири иқтисод, савдо ва саноати Япония ҷаноби Накагава Тошинао баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибадар ростои татбиқи натиҷаи музокироти сатҳи олӣмиёни роҳбарони ду кишвар, аз ҷумла густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, инчунин татбиқи тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки миёни кишварҳо имкониятҳои ҳанӯз истифоданашудаи ҳамкорӣ мавҷуд мебошад ва пурра барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои зикршуда мавриди истифода қарор дода шаванд. Дар робита ба ин қайд гардид, ки доир гардидани нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ заминаи кунунии ҳамкориҳои иқтисодиро мустаҳкам намуда, барои рушди минбаъдаи он такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки сохторҳои иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишвар барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд саҳми босазо гузоранд. Дар вохӯрӣ, доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнмубодилаи афкор сурат гирифт.

Вобаста ба ин, ҷонибҳо омодагии хешро дар сатҳи сохторҳои соҳавӣ барои дастгирии ташаббусҳои байналмилалии ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ изҳор намуданд.