НАХУСТИН ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ
18 апрели соли 2017 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ бо иштироки васеи ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб баргузор гардид.
Қобили тазаккур аст, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдо/Ҳамраиси Комиссия Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҷониби Ҷумҳурии Кореяро бошад Муовини Вазири корҳои хориҷии Корея оид ба масъалаҳои иқтисодӣ/Ҳамраис ҷаноби Ли Тэ Хо роҳбарӣ намуданд.
Ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Дар аснои ҷаласа ҳолати кунунии муносиботи иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ миёни ду кишвар ва иқтидори минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, идоракунии захираҳои обӣ, рушди энергетика, саноати нассоҷӣ, маорифу тандурустӣ ва ғайра мавриди арзёбӣ қарор гирифт.