Навиди Вазорат



Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

.

5 майи соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутеулло Наҷотзода ва сармутахассиси Раёсати танзими Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ризоева ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. 

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода ифтитоҳ намуда, афзуд, ки мақсад аз қабули Қонуни мазкур ин ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Маҳз ҳамин нуктаро ба назар гирифта, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Сипас, дар бораи фаъолияти Комиссияи ҷамъиятии Вазорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо муовини Раиси Комиссии мазкур, сардори Раёсати котибот Шукӯҳиддин Аброров мухтасар маълумот дод.

Дар идомаи чорабинӣ Мутеулло Наҷотзода - муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нигина Ризоева - сармутахассиси Раёсати танзими Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба аҳамияти қабули қонуни мазкур ва манфиатҳои он дар паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар, дидани чораҳои муассир нисбат ба қонуншиканиҳо дар ин самт, мавқею нақши танзим ва сарфаю сариштакорӣ дар ислом ва ғайра ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон, кормандони Вазорат, аз ҷумла сардори Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ Зуҳриддин Кенҷаев, сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ Моҳтоб Одинаева ва дигарон вобаста ба паҳлуҳои мухталифи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фикру андеша ва пешниҳодоти худро манзур намуданд.