Навиди Вазорат



Ҷамъомад бахшида ба Рӯзи ҷавонон

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Ҷамъомадро Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ифтитоҳ намуда, созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик намуд.

Н.Ҳикматуллозода иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» гувоҳи эътимоду боварии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба нерӯи тавонои ҷавонон, дастгирии пешниҳоду ибтикорот ва муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил барои онҳо мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бештар аз 30-фоизи кормандони Вазоратро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат ба курсҳои омӯзишии аспирантураю магистратура ва семинарҳои илмию амалӣ фаро гирифта, дар рушду нумӯи ҷомеаи навин фаъолона иштирок менамоянд.