Навиди Вазорат



Вохӯрӣ бо Сафири Украина

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина ҷаноби ВикторНикитюк баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба тавсеаи гардиши молу маҳсулот, рушди бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат ва ғайраро баррасӣ намуда, ҳамзамон атрофи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина ибрози назар карданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Украина баён доштанд.