Навиди Вазорат



Иштироки Вазир дар Форуми иқтисодии Урдун

.

19-21 майи соли 2017 дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ (Давос 2017) дар робита ба Ховари Миёна ва Африкаи Шимолӣ зери сарпарастии бевоситаи Подшоҳи Шоҳигарии Урдун Абдуллоҳи Сонӣ таҳти унвони “Устуворгардонии наслҳо баҳри оянда” баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ширкат варзиданд

Вазири рушди иқтисод ва савдо зимни суханронии худ дар Форуми мазкур таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳадафҳои сиёсати хориҷии кишварро дар масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ, ҳамчунин оид ба эълон гардидани сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода» ҷалб намуд.

Боиси тазаккур аст, ки дар кори чорабинии байналмилалии сатҳи баланд роҳбарони як қатор давлатҳову ҳукуматҳо, аз ҷумла Ироқ, Фаластин, Косово, Нигерия, Испания ва Вазири корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин масъулини баландрутбаи 56 кишвар ва намояндагону коршиносони аршади созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ иштирок намуданд.