Навиди Вазорат



Мулоқот бо ҷаноби Саид Оғо

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, Умед Давлатзод бо ҳайати Бонки Исломии Рушд, ки таҳти роҳбарии ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд, ҷаноби Саид Оғо ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, доир гардид.

Дар аснои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати кишвар, аз қабили таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои сифатнок, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд баён доштанд.