Мулоқоти Вазирирушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷмаи Умумии СММ
17июли соли 2017 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Раиси Иҷлоси 71-уми Маҷмаи Умумии СММ Питер Томсон мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои СММ, аз ҷумла масъалаҳои ҷории иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди Устувор табодули назар намуданд.