Навиди Вазорат



Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳо ииқтисодӣ ва иҷтимоӣ

.

20 июли соли 2017 дар ҳошияи сафари худ ба Ню-Йорк ҷиҳати иштирок дар Форуми сиёсии сатҳи баланд, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ У Хунбо мулоқот намуд. 

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, алалхусус бо ниҳодҳои алоҳидаи он ба мисли Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва татбиқи саривақтии ҳадафҳои рушди устувор табодули назар намуданд.