Ба истифода додани майдончаи варзишӣ ва майдончаи истироҳатии бозии кӯдакону наврасон дар назди биноҳои 6 ва 8-уми кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, №9-ф сохтмони майдончаи варзишӣ дар назди биноҳои 6 ва 8-ум, воқеъ дар кӯчаи Айнӣро, ба итмом расонида ба истифода дод.
Сохта ва ба истифода додани чунин иншооти варзишӣ ва истироҳатӣ барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон, шаҳодат аз ғамхорӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Соли ҷавонон” мебошад.
Боиси зикр аст, ки иқдоми мазкур, ҳамчунин ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим дар миёни ҷомеа нақши муҳимро мебозад.
Сохтмони майдончаи варзишӣ (бозии волейбол, баскетбол ва футбол) ва майдончаи бозии кӯдакон муддати се моҳ давом карда, бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Майдончаи мазкур бо тамоми таҷхизоти зарурӣ муҷҷаҳаз гардонида шуда, ҳамзамон дар он барои истироҳати сокинон ҷойнишастҳо пешбинӣ гардидааст.
Сокинони биноҳои зикргардида аз ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш. Душанбе истиқбол намуда, миннатдории бепоёни худро изҳор намуданд.
Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 563 000 (панҷсаду шасту се ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии майдончаҳо тибқи лоиҳаҳои корӣ 1160 м2 –ро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, дар масоҳати зиёда аз 600 м2 берун аз лоиҳаҳои корӣ, корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ иҷро карда шудааст.
Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакону наврасон ба талаботҳои стандарти давлатӣ ва Қоидаҳои меъёрии сохтмон (ҚМС) ҷавобгӯ буда, дар таҳияи лоиҳа ва пешбурди корҳои сохтмонӣ хулосаҳои зарурии Хадамоти назорати давлатии сохтмон, сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, КВД “Обу корези шаҳри Душанбе”, Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар мақомоти дахлдор ба назар гирифта шудааст.
1. Лоиҳакаши асосӣ: КВД Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз”.
2. Маблағгузор ва пудратчии асосӣ: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3.Сохтмончӣ-пудратчӣ: Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони (КВТС)–и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғолиби озмуни тендерӣ).