Навиди Вазорат



ВАЗОРАТИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАРЁФТИ ГРАНТ (КУМАКИ МОЛИЯВӢ) ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ҳуқуқии бақайдгирифташудаи ҷамъиятӣ (миллӣ) – ро барои татбиқи лоиҳа вобаста ба ҷамъоварии маълумот аз рӯи нишондиҳандаҳои ҳуқуқи кӯдак дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, коркарди махзани маълумот (DATABASE), ворид намудани маълумотҳо ба махзан, ҳамчунин коркарди махзани маълумот аз рӯи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даъват менамояд.

Лоиҳаи мазкур дар доираи ҳамкориҳои ВРИС ва UNICEF амалӣ гардида, муҳлати иҷроиши он 6 моҳро дар бар мегирад. Арзёбии пешниҳодҳо дар ду марҳила гузаронида мешавад:

- баррасии ариза ва интихоби пешакӣ;

 - мусоҳиба (ҳангоми зарурат). 

Талабот оид ба иштироккунандагони озмун:

- ҳайати кормандони соҳибтахассус;

- таҷрибаи корӣ бо созмонҳои гуногуни байналмилаллӣ (на кам аз 5 сол);

- таҷрибаи корӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кор бо хизматчиёни давлатӣ (на кам аз 5 сол);

- мавҷудияти иқтидори техникӣ ва маъмурӣ (идора, утоқи корӣ, воситаҳои асосӣ ва ғ.);

- ҳисоботи мухтасари фаъолияти корӣ дар 5 соли гузашта (ё зиёда аз 5 сол).

Ҳуҷҷатҳои зерин ба комиссия пешниҳод карда шаванд:

- шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ;

- нусхаи оиннома;

- пешниҳоди лоиҳа (нақшаи молиявӣ);

- шарҳи муфассали буҷа;

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки ташкилот барои пешниҳод кардан зарур мешуморад. 

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои лозимаро пур намуда, дар лифофа ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Раёсати рушди минтақаҳо ва иҷрои барномаҳои миллӣ, ба нишонии ш.Душанбе, кучаи Бохтар 37 ирсол намоянд.

 Қабули ҳуҷҷато то 29 августи соли 2017, соати 17-00.

Телефон барои тамос: 221 – 64 – 08.

Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное