Сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорк
18 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори Иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз шаҳри Ашқобод ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.