Навиди Вазорат



Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер

.

Дар шаҳри Ню — Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ намуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми барномаи рушд дар ҳалли ниёзмандиҳои кишвари мо баҳои баланд доданд.

Ахим Штайнер дар рафти мулоқот аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли мушкилоти умдаи замони муосир ёдовар шуда, мавқеи пойдор ва нақши пешоҳангию пешсафии Сарвари давлати тоҷиконро дар амалигардии барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид ба таври шоиста арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба масоили рӯзмарраю мавриди таваҷҷуҳ, аз қабили иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иҷтимоию иқтисодӣ, мусоидат ба иҷрои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Рӯзномаи 2030 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳалли масоили глобалии марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, барқарорсозӣ ва рушди инфрасохтори зарурии ҳаёт ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф табодули афкор намуданд.

Ҳамфикрии мусоҳибон ҳамчунин дар масъалаҳои муҳими дигари ҳамгироиҳои байналмилалӣ, ба монанди мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ таъкид карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамдастию муносибатҳои дӯстонаю манфиатбори Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар оянда низ самимию судманд боқӣ хоҳанд монд.