Навиди Вазорат



Чорабинӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти Вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорат, инчунин сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода вобаста ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинӣ доир гардид. 

Ҷамъомадро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо назардошти таклифу пешниҳодоти сершумори аҳолии кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Ва мақсад аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур ин ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад, ки онро кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Сипас, дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода моҳияти тағйироту иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Ҳамзамон, оид ба аҳамият ва паҳлӯҳои мухталифи тағйироту иловаҳои воридгардида ба қонуни мазкур сардори Раёсати котибот Ш.Аброров, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамарказ А.Нурализода, муовини директори МД «Маркази миллии патенту иттилоот» Б.Боев, инчунин дигарон ибрози назар намуданд ва дар интиҳои чорабинӣ байни иштирокчиён оид ба мавзӯи мавриди назар суолу ҷавоб ва мубодилаи афкори судманд доир гардид.