Ҷаласаи якуми Шӯрои сарпарастони Фонди бозтамвил
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар Тоҷикистон Фонди бозтамвил таъсис дода шудааст. Фонди мазкур имконият медиҳад, ки дастрасии устувори дарозмуддат барои бозтамвили дохилӣ бо асъори миллӣ дар муассисаҳои молиявӣ ва бонкҳои Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.
Илова бар ин, Фонд механизми самаранок ва шаффоф барои ҷалби маблағҳои иловагӣ аз донорҳо ва сармоягузороне мебошад, ки барои рушди минбаъдаи бахши молиявии Тоҷикистон маблағгузорӣ ё сармоягузорӣ мекунанд.
7 июни соли 2017 Фонди бозтамвил расман дар Кумитаи андози Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Бонки Миллии Тоҷикистон ва Вазорати адлия барои пешбурди фаъолияти Фонди бозтамвил ба муҳити ҳуқуқии кишвар тағйирот ворид намуда, 19 сентябри соли 2017 «Фонди бозтамвил» соҳиби иҷозатнома гардид.
4 октябри соли 2017 дар маҷлиси муштараки донорҳо ва таъсисдиҳандаи Фонди бозтамвил Шӯрои сарпарастон- (аз ҷониби номзадҳои Ҳукумати Тоҷикистон, Шӯрои донорҳои рушд ва ҷомеаи бонкии Тоҷикистон) роҳбари Фонди бозтамвил таъин карда шуд. Фонди бозтамвил муассисаи устувор мебошад, ки рушди иқтисодиёт, соҳибкории хурду миёна, минтақаҳои деҳот ва аҳолии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.
Ташкил ва фаъолияти Фонди бозтамвил бо дастгирии Бонки Олмонии Рушди (KfW) дар чаҳорчӯбаи ҳамкории минтақавии молиявии Олмон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) маблағгузорӣ карда мешавад, инчунин бо дастгирии иловагии Бонки Осиёии Рушд амалӣ мегардад.