Мулоқот бо Саша Ҷумена
24 октябри соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҳамҳангсози Барномаи кишварӣ оид ба Осиёи Марказӣ Саша Ҷумена, баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи барнома, лоиҳа ва натиҷаҳое, ки дар доираи Стратегияи қолабии минбаъдаи шарикӣ бо кишвар барои солҳои молиявии 2019-2023 пешбинӣ гардидаанд, мубодилаи афкори судманд намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ гузтариш хоҳад ёфт.