Навиди Вазорат



Эмомалӣ Раҳмон — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

.

9 декабри соли 2017 дар рӯзи якуми сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вакилони Шӯрои шаҳрдории Аммон ва аъзои маъмурияти ин шаҳр баргузор шуд.

Пеш аз оғози вохурӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ намоишгоҳи дастовардҳои мардуми тоҷик, аз қабили чакан, зардӯзӣ, аксу мусаввараҳои манзараҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва намунаи дигар анъанаҳои миллии халқи тоҷикро, ки аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ташкил гардида буд, тамошо карданд.

Чорабинӣ бо садои сурудҳои миллии ҳар ду кишвар оғоз гардид.

Дар мулоқот, ки дар бинои маъмурияти шаҳри Аммон баргузор гардид, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар назди вакилони Шӯрои шаҳрдории Аммон ва аъзои маъмурияти шаҳр оид ба ҳадафи сафари нахустини расмӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин кишвар суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимии мардуми дӯсти Урдун изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Урдун анъанаҳои деринаи муносиботи нек доранд.

Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ва Урдун, бо такя ба алоқамандии амиқи таърихӣ, робитаҳои гуногунҷанбаи худро тавсеа бахшида, ҳамкориҳояшонро ба сатҳи сифатан нав хоҳанд баровард.

“Мо омодаем, ки дар якҷоягӣ бо ҷониби Урдун баҳри рушду такомули муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои судманди байни кишварҳоямон дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ кушишҳои пайваста ба харҷ диҳем” — таъкид доштанд дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сипас, Раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ дар бораи саҳми арзанда ва талошҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистону Урдун, инчунин дигар ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра суханронӣ карда, дар вазъияти тантанавӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Калиди рамзии тиллоии шаҳри Аммонро тақдим карданд. Ҳамин тавр Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Унвони олии — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз барои саҳми арзанда дар густариши муносибатҳои дӯстӣ бо мардумони кишварҳои сайёра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сазовори унвони Шаҳрванди фахрии якчанд мамлакати дигари ҷаҳон гардидаанд.