Навиди Вазорат



ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ СОЛ

.

12 январи соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2017 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Роҳбарияти Вазорат, Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Дилшод, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин сарварони муассисаҳои тобеи Вазорат ширкат варзиданд.

Ҷаласаи Ҳайати мушовараро бо суханони ифтитоҳӣ Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин оғоз намуда, сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2017 ба самъи ҳозирин гузориш пешниҳод намуд.

Сипас, Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Исматуллозода баромад карда, оид ба масъалаҳои интизоми иҷроия, омодагии баланди касбӣ, серталабӣ дар фаъолияти мутахассисони ҷавон, гузаронидаи таҳлилҳои амиқ оид ба фаъолияти корхонаҳои азим, аҳамият додан ба дурустии маълумоти оморӣ, тақвият бахшидани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, раванди мутобиқгардони иқтисодиёт ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва иҷрои уҳдадориҳои кишвар дар назди Созмони мазкур ва ғайра ибрози назар намуданд.

Дар аснои ҷаласа оид ба фаъолияти анҷомдодаашон дар соли 2017, нақшаҳо ва мушкилоти ҷойдошта сардорони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ, инчунин роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорат дар назди ҳозирин ҳисобот доданд.

Дар охир ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.