Навиди Вазорат



Мулоқоти Вазир бо Тошиҳиро Аикӣ

.

25 январи соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Япония оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Тошиҳиро Аикӣ, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии масъулони аршади Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Япония” ба Душанбе ташриф овардааст, сурат гирифт.

Дар аснои мулоқот ҷонибҳо вобаста ба тақвияти фаъолияти комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ, инчунин рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд мавриди арзёбӣ қарор гирифт.