Навиди Вазорат



Баррасии ҳамкориҳои самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ

.

6 феврал дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини якуми Вазир Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян-Петер Олтерс ва ҳайати сафарии бонк оид ба таҳияи Ёддошти иқтисодии кишвар хонум Гоар Гюдумян ва ҷаноби Бегазо Гомез баргузор гардид.

 

Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо аз ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, сипас як қатор масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла тамоюли мусбии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ,  рушди содирот ва воридотивазкунӣ, ҷараёни татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ омодагии худро баён доштанд.