Вохӯрии муовини якуми Вазир бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ
6 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчунин вохӯрии муовини якуми Вазир Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ оид ба беҳтарнамоии фазои тиҷоратӣ ва иқлими сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Сиид Маҳмуд, хонум Мадина Данаева ва хонум Марина Шамилова доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот вохӯрӣ як қатор масъалаҳоро вобаста минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бахши хусусӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, рушди содирот ва воридотивазкунӣ, диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ, ҷараёни татбиқи як зумра барномаҳои давлатӣ ва ѓайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки ҳамкориҳои самарабахши дуҷониба миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Ҷаҳонӣ дар оянда низ тақвият хоҳад ёфт.