МУДАВВАР ДАР МАЗӮИ «ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Рӯзи 8-марти соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия мизи мудаввар дар мазӯи «Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур соҳибкорони аврупоӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва намояндагони дигар кишварҳо ширкат варзиданд.
Мақсади асосии мизи мудаввар муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Дар кори он Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо рӯнамо баромад намуда, ҳозиринро бо имкониятҳои кишвар дар самти энергетика, кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ шинос намуд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ки барои сайёҳони аврупоӣ ва сайёҳони дигар кишварҳо шароити мусоид фароҳам овардааст.