Маросими гусели Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
Нимаи дуюми рӯзи 10 марти соли 2018 пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканд баргашт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон давоми ду рӯз 9 ва 10 марти соли 2018 идома ёфта, зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар доираи ин сафари давлатӣ Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон баргузор шуд.
Руйдоди муҳим, ки бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба амал омад, ифтитоҳи Гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг” мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки тайи рӯзҳои охир бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо наздики 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонд. Акнун шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя, ки муносибатҳои дӯстию хешутабории онҳо таърихи чандинасра дорад, бемамониат рафтуомад мекунанд.
Баргузории барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷику ӯзбек таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” аз тадбирҳои муҳиму хотирмони фарҳангӣ буд, ки дар он Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев самимитарин суханонро дар бораи дӯстию бародарӣ, ҳамсоягӣ, таърихи муносибатҳои хешутабории ду мардум, инчунин кушодани дилҳо, дарҳо, сарҳадҳо ва оғуши гарми якдигар барои идомаи равобити ҳасана баён доштанд.
Барномаи рангину пурмуҳтавои консертии тараннумкунандаи дӯстию бародарии халқҳо бошад, ба мардум муждаи оғози марҳилаи нави муносибатҳои неку бобарорро расонд.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки акнун мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо шарофати сиёсати неку ояндадор ва бобарору сулҳофари Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ин пас ҳам дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамсоягии нек ва дигар ормонҳои чандинасраи хеш зиндагӣ мекунанд.
Умед аст, ки ин ташрифи Президенти кишвари ҳамсоя ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ барои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва хешутабории ду халқи бузург заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Маросими гусели меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чун расми истиқболи расмӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса бо садои карнаю сурнай, оро додани майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию ҳамсоягии нек сурат гирифт.
Баръало эҳсос мегардид, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳайати ҳамроҳаш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон таассуроти нек ба Ватан бармегарданд, зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик бо риояи анъанаи накуи аҷдодӣ — меҳмоннавозӣ ва инсондӯстӣ онҳоро қабул, меҳмондорӣ ва гусел намуданд.