Навиди Вазорат



ТОҶИКИСТОН БА МОДЕЛИ НАВ ВА СИФАТНОКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ МЕГУЗАРАД. Вазъи имрӯза ва дурнамои иқтисодиёти мамлакат дар мусоҳибаи хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода

.

Дар арафаи Рӯзи иқтисодчиён — 8 апрел хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА   оид ба вазъи имрӯза ва дурнамои  иқтисодиёти мамлакат суҳбат орост.

АМИТ «Ховар»: Аввалан, аз номи АМИТ «Ховар» Шумо ва дар симои Шумо тамоми иқтисодчиёнро ба муносибати иди касбӣ табрик менамоем. Рушди иқтисод – яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукуматиҷумҳурӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумнигаронида шудааст. Муҳтарам Вазир, мегуфтед, ки вазъи иқтисодииҶумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад?

 Н. Ҳикматуллозода:  Ташаккур. Дар ҷавоб ба ин суолатон чунин гуфта метавонам: ҳоло  тамоюли мусбии рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар шароити марҳила ба марҳила амалӣ гардидани ҳадафҳо   оид ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, рушди инфрасохтори нақлиёт, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ,  алалхусус дар самти истеҳсолӣ идома дорад.

Дар натиҷаи  роҳандозӣ гардидани чораҳои саривақтӣ рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ дар сатҳи 7,0 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0   фоиз зиёд мебошад.

Рушди мусбии иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар ин давра аз ҳисоби афзоиши маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба андозаи 49,7 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,2 фоиз, кишоварзӣ 4,8 фоиз, гардиши савдои чакана 9,6 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,1 фоиз таъмин  карда шуд.

Дар ду моҳи соли ҷорӣ таваррум дар сатҳи 0,3 фоиз нигоҳ дошта шуд. Нишондиҳандаи мазкур дар ҳамин давраи соли гузашта 1,7 фоизро ташкил карда буд.

 АМИТ «Ховар»: 2 апрели соли 2018 низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми энергетикии ҶумҳурииӮзбекистон пайваст гардид. Ба андешаи Шумо, ин рӯйдод ба рушди иқтисодиёти мамлакат чӣ таъсир  гузошта метавонад?

 Н. Ҳикматуллозода:   Пеш аз ҳама як нуқтаро меҳоҳам махсус  зикр намоям, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷониба бо Ўзбекистон дар ҳама самтҳо ба таври назаррас беҳтар шуда истодаанд.  Аз ҷумла, дар натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон  ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки низоми мазкурро ҳар чӣ зудтар барқарор созанд.

Барои ин ба тарафҳо лозим аст, ки хатҳои интиқоли барқи васлкунандаро барқарор ва азнавсозии пурраи системаи зиддисадамавӣ, реҷаи автоматикунонии энергетикӣ ва ҳимояи релегии худро таъмин намоянд.

Ҷиҳати барқарорсозии кори мувозии (параллели) низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми энергетикии Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои омодасозӣ дар хатҳои ҷараёни баландшиддати  байнидавлатии 220 ва 500 кВ-ро  амалӣ намуда истодааст. Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) то зеристгоҳи Гулча (Ўзбекистон) дар рўзҳои наздик пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Бо назардошти амалишавии корҳои муайянгардида дар давраи аввал ҳаҷми содироти нерўи барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя на камтар аз 1,5 млрд. кВт/соат дар мавсими баҳору тобистони сол пешбинӣ гардидааст.

Рушди ҳамкории байниминтақавии ду кишвари ҳамсоя дар соҳаи энергетика барои ба кишвари содироткунандаи нерўи барқ табдил додани Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Дар натиҷаи ба кор шурўъ намудани низоми энергетикии Осиёи Марказӣ ҳам содироткунандаи нерўи барқ ва ҳам истеъмолкунандаи он манфиат мегиранд, зеро Тоҷикистон дар давраи тобистон  имконияти фурўши нерўи барқи зиёдатиро пайдо мекунад. Ҳамчунин хариди нерўи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзону  дастрас ба Ҷумҳурии Ўзбекистон низ муфид мебошад.

 АМИТ «Ховар»: Шумо дар ҷараёни таҳия ва ба  имзорасонии бисёр санадҳои зиёди дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бевосита ширкат намудаед.   Гуфта метавонем, ки иҷрои ин санадҳо нияти  дар сатҳи стратегӣ ба роҳмондани ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду  кишвари ҳамсоя ва дӯстро таъмин хоҳад намуд? 

Н. Ҳикматуллозода: Албатта. Дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-10 марти соли 2018 сурат гирнифт,  27 шартномаю созишномаҳо дар соҳаҳои гуногун оид ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба имзо расонида шуданд.

Баимзорасонии  ин ҳуҷҷатҳо барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол, фаъол гаштани ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ, иртиботи нақлиётӣ, истифодаи захираҳои обу энергетикӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният ва мудофиа, ҳамчунин густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар мусоидат менамояд.

Қарор оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рўз натиҷаи дигари муҳими мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ўзбекистон ба шумор меравад.  Дар ин замина қарори ҷонибҳо ҷиҳати барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ўзбекистон низ  муфид мебошад.

Барқарор гардидани роҳи оҳани қитъаи Ғалаба – Амузанг  ҳатман ба беҳтар намудани сатҳи рӯзгори иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон,  ки дар он зиёда аз сеюним миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд,   таъсир хоҳад расонид.

Қарордодҳои дар рафти гуфтушунид бадастомада ҳамчунин барои барқарор кардани иртиботи ҳавоиву автомобилӣ байни дигар шаҳрҳо бар иловаи хатсайри ҳавоие, ки феълан байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар амал мекунад, заминаи зарурӣ фароҳам хоҳад овард.

Ҳамаи ин натиҷаҳо рафтуомади   шаҳрвандонро ба ҳарду кишвар ба таври назаррас сабук гардонида, ба минбаъд   боз ҳам наздиктар шудани ду халқи бародар, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ  ва дигар  муносибатҳои ҳарду ҷониб  мусоидат менамояд.

Тоҷикистон ва Ўзбекистон ҳамкории мутақобилан судмандро дар бахши иқтисоду тиҷорат беш аз пеш тавсеа мебахшанд. Ин аст, ки  соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд намоишгоҳҳои маҳсулоти миллӣ ва анҷуманҳои соҳибкорони ду кишвар баргузор гардиданд, ки дар натиҷаи онҳо  робитаҳо байни доираҳои соҳибкорӣ  тавсе пайдо карданд ва  баимзорасонии  шартномаҳои тиҷоратӣ   оғоз пазируфт.

Бояд зикр  кард, ки соли 2017 гардиши савдои хориҷии  Тоҷикистон бо Ўзбекистон 1,8 маротиба, аз ҷумла содироти маҳсулот ба Ўзбекистон зиёда аз 1,5 маротиба афзоиш ёфт.

Ҳамзамон, дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон  соли ҷорӣ намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Ўзбекистон ва анҷумани муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Ўзбекистон баргузор гардид, ки дар доираи ин чорабиниҳо низ шартномаю қарордодҳои зиёди тиҷоратӣ ба имзо расонида шуданд.

Ин натиҷаҳо бешубҳа барои ноил шудан ба  ҳадафҳое, ки дар Изҳороти муштараки президентҳои ҳарду кишвар оид ба таҳкими дўстӣ ва накўҳамсоягӣ зикр  гардидаанд, заминаи устувор мегузоранд.

АМИТ «Ховар»: Шумо, ҳамчун Вазири рушди иқтисод   ва савдо,  ба дурнамоии сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбин ҳастед? Агар ба таври дигар гӯем, Тоҷикистонро чӣ гуна ояндаи иқтисодӣ дар пеш аст?

Н. Ҳикматуллозода: Бале, бо назардошти он ки татбиқи сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳуҷҷатҳои асосии стратегии кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 бо маром амалӣ гардида истодааст, ба ояндаи иқтисодии Тоҷикистон хушбин ҳастам.  Зеро медонам, ки ҳадафи олии ҳуҷҷатҳои мазкур, ки инъикоскунандаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошанд, ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар аст.

Дар ҳуҷҷатҳои мазкур барои ноил гардидан ба суръати баланди устувори рушди иқтисодӣ, ҳадафҳо дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи самарабахши нерўи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил  додани Тоҷикистон, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат бахшидани  шуғли пурмаҳсул муайян шудааст.

Тавре Шумо медонед, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се марҳила тақсим мешавад: марҳилаи якум солҳои 2016-2020 гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ, марҳилаи дуюм солҳои 2021-2025 рушди босуръати иқтисодиёт, ки ба ҷалби сармоягузориҳо асос меёбад ва марҳилаи сеюм солҳои 2026-2030 ба анҷом расонидани индустриализатсияи суръатнок тавассути  баланд бардоштани иқтидорҳо бо назардошти рушди илм ва  инноватсияро дарбар мегирад.

Татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020 барои рушди иқтисодиёт хеле муҳим мебошад, зеро он, пеш аз ҳама, гузариш ба модели нави сифатноки рушди иқтисодиро таъмин менамояд. Гузариш ба модели нав ба амалӣ гардидани ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва беҳтаргардонидани сохтори дастгоҳи идоракунии давлатӣ, ташаккули низоми нави  институтсионалӣ барои дастгирии бахши  хусусӣ  ва  тағйир  додани  муҳити соҳибкорӣ  ва фазои сармоягузорӣ, инчунин, баланд бардоштани самаранокии сармояи инсонӣ дар истеҳсолот имконият  фарҳам меорад.

Аз ин лиҳоз, бо боварӣ гуфта метавонам, ки иқтисодиёти Тогҷикистонро ояндаи нек дар пеш аст.

                                                                                   Мавҷуда АНВАРӢ,

                                                                                     АМИТ «Ховар»