Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ раҳмон бо Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм Мутлақ Ал-Қаҳтонӣ
4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ Ал-Қаҳтониро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки “Мо ба ояндаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар некбин ҳастем ва бовар дорем, ки дар партави ҳамкориҳои судманд ва дастгирии ҳамдигар ба дастовардҳои бузург дар ҳамаи арсаҳо ноил хоҳем шуд”.
Аз робитаҳои бародарӣ ва мулоқотҳои мунтазам дар сатҳи олии ду кишвар, заминаи мустаҳками сиёсию ҳуқуқӣ барои таҳкими ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон барои рушди амалии ҳамкорӣ дар арсаҳои тиҷорат, иқтисод, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт шароитҳои мусоид фароҳам мебошад.
Ҷонибҳо ҷоннок кардани кори Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникиро барои ҷалби сармояи Қатар дар ҳамаи бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд. Дар ин робита истифодаи иқтидори иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ ва технологии Қатар ҳамчун омили муҳимми рушди устувори кишварҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ номида шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб оид ба ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бо хатарҳои даҳшатбор табодули андеша намуданд.