Таҷлили ҷашни Истиқлоляти давлатӣ дар Вазорат
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва корхонаҳои зертобеъ бахшида ба Ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.
Ҷамъомади идонаро бо сухани муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда - Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ самимона табрику таҳният намуданд.
Инчунин дар маҷлиси танатанавӣ ҳамчун меҳмон - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Камол Насрулло ширкат варзид. Номбурда оид ба гиромидошти истиқлолияти давлатӣ барои ҳозирин сухан карда, дар васфи истиқлолияту Ватан аз ашъори тозаэҷодаш қироат намуд.
Дар анҷоми ҷамъомад фаъолони вазорат бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.