Навиди Вазорат



Сафари корӣ вобаста ба ҷашнгирии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

.

 

 

Тибқи Рӯйхати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашнгирии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии бахшида ба 27 - умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ширкат варзид.

Сараввал Вазири рушди иқтисод ва савдо аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, дастовардҳо ва анъанаҳои мардумии ноҳия, ки дар шаҳраки Панҷ баргузор гардид, боздид ба амал оварда, ҳифз, такомул, эҳё ва ривоҷи онҳоро барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Сипас тибқи дастури Пешвои миллат дар чорабинии идона суханронӣ намуда, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бунёди иншооти соҳаи иҷтимоӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти муҳими стратегӣ ва ривоҷи ҳунарҳои милливу мардумӣ дар ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар ноҳияи Панҷ ёдовар шуданд.

Ҳамзамон, дар доираи сафар Вазири рушди иқтисод ва савдо дар маросими ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ҷамоати Намунаи ноҳия ва маросими ба истифода супоридани ду бинои нави Маркази ташхиси табобатӣ дар ноҳияи Панҷ иштирок намуданд.

Дар охир Неъматулло Ҳикматуллозода ба Отряди сарҳадии “Панҷ” ташриф оварда, сарбозону афсарони Отряди мазкурро ба 27 - умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.