Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия
Рӯзи 19 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир - Неъматулло Ҳикматуллозода бо муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия - Талибов Азер Муталим оглӣ баргузор гардид.
Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо доир ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи тиҷоратӣ - иқтисодӣ, арзёбии иҷрои супоришҳои протоколи баимзорасида аз натиҷаи ҷаласаи 15 - уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, ҷалби сармоягузориҳо ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.