Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 13-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ
Рӯзи 21 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи 13-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок намуд.
Дар доираи ҷаласа роҳбари ҳайати кишвар Завқизода З. А. дар робита ба фаъолият, таҷриба, дастовард ва имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳо суханронӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам таҳким додани робитаҳои иқтисодию тиҷоратии кишварҳои аъзои СПЕКА таклифҳои судманд пешниҳод намуд.
Инчунин дар нимаи дуюми ҷаласа гузоришҳои кишварҳои аъзои СПЕКА, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Дар охири ҷаласа аз ҷониби роҳбари Гурӯҳи кории ҷаласаи СПЕКА оид ба савдо, Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А. бо мақсади рушди бештари муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барои ҳамкориҳои минбаъда як қатор ҳуҷҷатҳои стратегӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо, принсипҳои савдои устувор ва пешгирӣ намудани монеаҳои чораҳои ғайритарифӣ дар савдоро ҷиҳати такмил додан ва пешниҳод намудан ба Форуми иқтисодии сатҳи баланди СПЕКА – 2019, ки баргузории он дар шаҳри Ашқободи Туркманистон соли 2019 ба нақша гирифта шудааст, пешниҳод гардид.