Муаррифии соҳаҳои иқтисодиёт ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7-умин Мизи мудаввари Хитой
Рӯзи 26 сентябри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон “7-умин Мизи мудаввари Хитой” баргузор гардид, ки дар кори он мавқеи кишварро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин муаррифиӣ намуд.
Қобили қайд аст, ки “Мизи мудаввари Хитой” ҳамасола бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой, Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ва яке аз кишварҳои узви ин созмон баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин табодули таҷриба оид ба нақш ва саҳми иқтисодиёти АвруОсиё ба низоми савдои бисёрҷониба, табодули таҷрибаи андӯхташуда дар раванди шомилшавии кишварҳои АвруОсиё ба СУС, таъмини майдони гуфтушунидҳо вобаста ба ташаббусҳои муштарак дар самти сиёсати савдо, раванди содагардонӣ ва густариши соҳаи савдо барои рушди устувор, рақобатпазирӣ ва афзоишу диверсификатсияи иқтисодиро фарогир буд.
Дар кори Мизи мудаввар Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди шомилшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, дастовардҳои ноилгардидаи ҷумҳурӣ, инчунин истифодаи имкониятҳои мавҷудаи ҳамгироӣ дар доираи ин Созмон суханронӣ намуд.
Қайд бояд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 1 ва 5 июни соли 2015 мизбони баргузории “Сеюмин мизи мудаввари Хитой” буд.