Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба таҳкими савдо, сармоягузорӣ баҳри рушд: Дурнамои АвруОсиё
28 сентябри соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми сатҳи баланд оид ба таҳкими савдо, сармоягузорӣ баҳри рушд: Дурнамои АвруОсиё баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок намуд.
Дар доираи Форум масъалаҳои мусоидат ба инкишофи савдо ва сармоягузорӣ барои рушди устувор, рақобатпазирӣ ва рушди устувори иқтисодӣ, бартараф намудани эҳтиёҷот ва мушкилоти сармоягузорӣ, таҷрибаҳо оид ба ҷалби сармоя, инноватсияҳо дар сатҳи дохилӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии ҳаматарафаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Зимни Форуми мазкур Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати сармоягузорӣ ва унсурҳои асосии самаранокии содагардонии сармояи дохилӣ, мушкилоти асосӣ ҳангоми ислоҳоти сиёсат оид ба содагардонии сармоягузорӣ, тадбирҳо ва таҷрибаҳо дар татбиқи фаъолияти сармоягузорӣ ва истифодаи имкониятҳои маҷуда дар ин самт суханронӣ намуд.
Қобили қайд аст, ки дар кори Форум намояндагони 28 кишварҳои ҷаҳон иштирок варзиданд.