Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Беларус аз Хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат»-и шаҳри Турсунзода
29-уми сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти токпарварони Хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» шиносоӣ пайдо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 25 гектар замин дорад, ки аз он 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко зимни боздид аз ангурбоғи ин хоҷагӣ ба усули парвариши ин навъи меваи хуштаъм таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва барои роҳандозии ҳамкориҳо дар ин самт, махсусан бо хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Беларус таъкид карда шуд.
Соли 2015 дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамари замин хоҷагидорон аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ парвариш карда, ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед»-ро шинонидаанд ва имрӯзҳо аз ин ҳисоб ҳосили зиёд ба даст меоранд.
Дар токзори ин хоҷагӣ ҳамчунин ба таври таҷрибавӣ навъҳои «Чиликӣ» ва «Кардинал», ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудааст, парвариш меёбанд. Президенти Ҷумҳурии Беларус зимни боздид аз ҳосили фаровони токзори аҳли заҳмати ин хоҷагӣ барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар самти содироти ин навъи меваи хуштаъм ба Минск низ таъкид доштанд.
Тавре ба сарони давлатҳо иттилоъ доданд, заҳматкашони ин хоҷагӣ дар шаҳри Турсунзода мактаби махсуси худро доранд ва ҳамасола дар доираи дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош бар он мекунанд, ки майдони киштро боз ҳам васеъ намоянд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.
Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко аз боғи ангури хоҷагӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 аҳли заҳмати ин хоҷагӣ беш аз 540 тонна маҳсулот ба бозорҳои дохилӣ ва ба кишварҳои Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Россия содирот кардаанд ва соли равон бошад, ҷамъоварии 700 тонна навъҳои гуногуни ангур ва пешниҳоди он ба бозорҳои дохилию берунӣ дар нақша аст.
Дар назди хоҷагӣ ҳамзамон сардхона бо ғунҷоиши 500 тонна бо мақсади захираи маҳсулот бунёд гардидааст, ки дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот мебошад. Таҷҳизоти сардхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 2 миллион сомонӣ ворид ва барои бо сифати баланд нигоҳ доштани маҳсулот басо мувофиқ аст.
Аҳли заҳмати ин хоҷагӣ, ки дар баробари ангурпарварӣ дар соҳаи ниҳолпарварию чорводорӣ низ таҷрибаи ғанӣ дорад, дар ниҳолхонаи назди он 20 номгӯйи ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда парвариш меёбад, ки барои сарсабз кардани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр пешниҳод мегардад.
Меҳмонони олиқадр ташаббуси роҳбарияти ин хоҷагиро дар самти ангурпарварӣ намунаи ибрат арзёбӣ намуданд ва ин иқдомро дар фаровонии бозорҳо бо ин навъи меваи серталабгор дар ҷаҳон муҳим маънидод карданд.
Имрӯз баъди иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтироми баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел карданд.