Навиди Вазорат



Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018”

.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маъмурияти МОИ “Суғд” ва шарикони байналмилалии рушд санаи 11 октябри соли ҷорӣ, дар Қасри фарҳангии “Суғдиён”-и ш. Хуҷанд соати 8:30 Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018”-ро бахшида ба 10-солагии таъсисёбии минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баргузор менамояд. 

Баргузории Анҷуман ҷиҳати фароҳам овардани замина барои барпо намудани ҳамкориҳо бо доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ватаниву хориҷӣ, инчунин таҳлили дастовардҳои кунунӣ ва ояндаи пешрафти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ба ғайр аз ин, дар муҳтавои масъалаҳои баррасишаванда, масъалаи омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҳамсоя дар ин соҳа басо муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Аз ҳамин лиҳоз, бо камоли эҳтиром Шумо ва намояндагони ширкати Шуморо ба Анҷумани мазкур даъват менамоем. 
Лутфан иштироки худро тариқи тамос бо рақами телефонӣ ва ё почтаи электронии зеровардашуда то 5 октябри соли ҷорӣ тасдиқ намоед. 
Маълумот барои тамос: 
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , (+992 37) 2231751, (+992) 44 630-11-90.