Навиди Вазорат



Ҷаласаи 2-юми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ.

.

5-октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҳайати Ҷумҳурии Кореяро Ли Тэ Хо - Муовини Вазири корхои хориҷӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Корея роҳбарӣ намуданд.

Ҳайатҳои тарафҳо самтҳои асосии ҳамкориро байни кишварҳо, инчунин ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ баррасӣ ва муҳокима намуданд. Дар рафти гуфтушунидҳо аҳамияти рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, бонкдорӣ, нақлиёт ва логистика сохтмон, кишоварзӣ, фарҳанг ва туризм таъкид доштанд.

Ҷаласаи 2-юми Комиссия дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид ва дар интиҳои ҷаласаи мазкур Протокол ба имзо расид.