Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазир бо ҷаноби Роберт Вробл

.

 

11 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳайати Бонки Ҷахонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Роберт Вробл баргузор гардид.

 

Дар рафти вохӯрӣҷонибҳо оид ба таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди аграрӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби маблағгузорӣ ба соҳаи энергетика, дастрасӣ ба инфрасохтор ва хизматрасониҳо дар маҳал, мусоидат ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна ва ғайраҳо мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо баён доштанд.