Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, иштирок дар Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» дар Қасри Арбоб
Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар тантанаҳои Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» иштирок карданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди чойхонаи Қасри овозадори Арбоб, ки ба макони тантанаҳои идонаи ҳунармандони асил ва деҳқонони зарофари вилоят табдил ёфта буд, бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Дар ин ҷо кишоварзони зарофар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навъҳои гуногуни меваю сабзавот ва полезиҳои шаҳдбор, аз қабили харбуза, тарбуз, каду, себ, ангур, нок, хурмо, анор ва меваи хушкро ба маъраз гузоштанд. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои хӯроквории вилоят намоиши маҳсулоти нонӣ ва 27 намуди ширинии миллӣ, ба монанди ҳалвои кунҷитдор, наботи «Муфассал», парвардаи «Ковок», нишолло ва ғайра ташкил карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин намоишгоҳҳоро, ки тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар вилояти Суғд ба ҳукми анъана даромадааст, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Зеро бо ин восита метавон маҳсули дасти деҳқонони зарофар ва мардону занони ҳунармандро ба таври шоиста ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ кард.
Дар робита ба ин дастур дода шуд, ки то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бунёди коргоҳҳои нонпазю қаннодӣ ва таъсиси нуқтаҳои фурӯши он васеъ ба роҳ монда шуда, ба кадбонуҳо ва мардони ҳунарманд, ки завқи баланди нонпазӣ ва омода намудани шириниҳоро доранд, шароити хуби фаъолият фароҳам оварда шавад.
Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуданд.
Тавре ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, дар вилояти Суғд 67 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулот машғул буда, соли 2018 бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар майдони беш аз 227 ҳазор гектар кишти зироати гуногунро ба роҳ монданд.
Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати кишвар мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.
Ба таъкиди кишоварзон, соли равон дар баробари зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулот низ афзоиш ёфт.
Имрӯзҳо хоҷагидорон дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамзамон маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд. Аз ҷумла, соли равон наздики 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, зардолу, ангур, меваи хушк ва ангур содирот карда шуд. Дар самти бунёди боғ низ хоҷагидорон кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Айни замон дар вилоят 72 ҳазор гектар боғ ва 11 ҳазор гектар токзор мавҷуд аст. Соли равон барои дар амал татбиқ кардани «Барномаи давлатии боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» хоҷагидорон зиёда аз 20 гектар боғи нави интенсивӣ бунёд намуданд. Ба деҳқонон тавсия дода шуд, ки ҳамасола майдони кишти зироати кишоварзиро зиёд намуда, дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ саҳмгузор бошанд.
Дар ҷойи баргузории «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» пирамида, хаймаҳо, катҳои миллӣ, нуқтаҳои намоиши харбузабурӣ, маҳсулоти аз харбуза коркардшуда дар маъраз буд.
Дар доираи ин чорабинии бошукӯҳ озмун ва мусобиқаҳо бо шарту шароити шавқовар гузаронида шуданд. Аз ҷумла, озмуни зуд хӯрдани харбуза миёни ҷавонон басо ҷолиб буд.
Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ занбӯрпарварони 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят навъҳои гуногуни асал ва прополисро ба маъраз гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта занбӯрпарварони вилоят аз 52 ҳазору 250 оилаи занбӯр 1 ҳазору 360 тонна асал истеҳсол карданд. Имсол ният доранд, ки ин нишондодро ба 1 ҳазору 500 тонна расонанд. Занбӯрпарварон мегӯянд, шароит ва иқлими шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рушди ин соҳаи сердаромад басо мувофиқ мебошад.
Зимни суҳбат бо занбӯрпарварони вилоят Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд.
Занбӯрпарварон мегӯянд, бо татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дар ҳамин замина муқаррар намудани имтиёзҳо барои фаъолияти пурсамар шумораи оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асали аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки имрӯз дар бозори дохил ва хориҷ талабот ба он бештар аст, зиёд гардида, дар ноҳияҳои кӯҳистон мардум ба ин шуғли манфиатовар бештар машғул мешаванд. Натиҷа ҳамин аст, ки соли равон шумораи оилаи занбӯри асал ба зиёда аз 52 ҳазор расонида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаровонии маҳсулоти асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лӯбиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ аст, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол ба сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб қудрати содиротии Тоҷикистон боло бардошта шавад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон метавонад дар бозори ҷаҳонии асал ва меваю сабзавот, аз ҷумла бо зардолу ва олуи сиёҳи хушк, мавизи кишмиш, харбуза, ангур, помидору бодиринг, пиёз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгоҳи намоён дошта бошад.
Дар ҳамин рӯз ҳамчунин даври ниҳоии Фестивали «Оши палав» баргузор гардид, ки дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар 30 дег таоми миллии мардуми тоҷик- оши палавро омода карданд.
Ошпазони моҳир аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Гулистон, Бӯстон, Ашт, Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Деваштич, Шаҳристон, Спитамен, Конибодом, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод ҳунари волои худро муаррифӣ карданд.
Аз ҷумла, барои меҳмонон ва ҳакамони озмун намудҳои гуногуни оши палави миллӣ, ба монанди «Оши палав бо биринҷи девзираи Панҷакент», “Оши палав бо биринҷи кенҷа», «Оши палав бо гӯшти кабк», «Бедона палав», “Оши палав бо кабки кӯҳӣ”, «Оши палав бо равғани зағир ва тухми харбуза», «Оши палав бо қазӣ», «Оши палав бо кишмиш», «Оши палав бо тухми бедона» ва «Оши палав бо гӯшти мурғи марҷон» омода карда шуд.
Фестивали мазкур бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ баргузор гардид.
Оши палав аз маҳсулоте, чун сабзӣ, биринҷ, гӯшт, равған, пиёз ва обу намак пухта мешавад. Ба он мувофиқи табъ ва хоҳиши мизоҷон нахӯд, зира, заъфарон, сирпиёз, биҳӣ, мурч, зелол, лиму ва дигар давоҳои хуштамъкунанда илова карда мешавад. Тарзи таҳияи оши палав аз се марҳила: бирён кардани зирбак, ҷӯшонидан ва дам андохтани биринҷ иборат мебошад. Ҳар кадоми ин амалҳо меъёр ва фосилаи вақти муайянро тақозо доранд.
Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали «Оши палав ва шириниҳои миллӣ» аз рӯи панҷ номинатсия: «Ошпази беҳтарин», “Ошхӯри беҳтарин”, “Хаймаи беҳтарин”, “Фолклори беҳтарин” ва “Қанноди беҳтарин” мукофотҳои молию пулӣ тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.
Ба муносибати ташрифи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Қасри Арбоб ҳунари адрасбофии дастӣ ва маҳсулоти тарроҳону пардозгарони либосҳои миллӣ, гулдӯзону зардӯзон, қолинбофон, чӯбтарошон, наққошону рассомон, оҳангарону мисгарон, устоҳои асбоби миллии мусиқӣ, зарфҳо ва ашёи рӯзгор ба намоиш гузошта шуд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда гардидааст.
Дар ин раванд, Ҳукумати мамлакат барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монда, инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд. Аз ин иқдом ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд изҳори хушудӣ менамоянд ва ҷиҳати эҳё ва муаррифии бештари ҳунарҳои мардумӣ корҳои назаррас анҷом медиҳанд. Намоишгоҳи имрӯз далели ин гуфтаҳо ба ҳисоб меравад.
Чорабинии фарҳангӣ - Фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик - 2018» дар толори Қасри Арбоб доир гашт.
Сутунҳои даромадгоҳи Қасри бошукуҳи Арбоб бо намудҳои гуногуни атласу адрас оро дода шуда, фазои инҷоро зебову дилрабо карда буд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат маҳсули дасти чеваронро тамошо карда, ба кори бонувони чирадаст баҳои баланд доданд ва онҳоро барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи шогирдон ва ҳарчи бештар тарғиб кардани либосҳои тоҷикӣ ҳидоят намуданд. Дар толори пурнақшу нигори Қасри Арбоб тарроҳону дигар ҳунармандон барномаи мукаммали рангинеро бо муаррифии дастовардҳои соҳаи ресандагию бофандагӣ намоиш доданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик ва ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд. Дар вақти баҳодиҳӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, зебоӣ, тарҳи либосҳои нотакрору ғайримуқаррарӣ, тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзӣ, интихоби ашёи ороиш ва пардоз ба назар гирифта шуд.
Дар охир барномаи рангини ҳунарӣ, ки таърихи рушди санъати атлас ва адрасбофиро тавассути саҳнаҳо инъикос менамуд, аз рӯи шартҳои озмун муайян шуданд. Ба иштирокчиёни муваффақ ва ғолиб барои бофтани атласу адраси хушсифат ҷоизаҳо муайян карда шуда буд, ки онро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён - тарроҳони ватанӣ барои пешниҳоди чунин як барномаи рангин изҳори сипос намуданд ва таъкид карданд, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои дӯзандагию бофандагӣ, пеш аз ҳама, бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани бонувони хонанишин ва эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ба ҷаҳониён мебошад.