Ҷаласаҳои чорум ва панҷуми кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо
Рӯзи 29 октябри соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаҳои чорум ва панҷуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Кумита, натиҷаи таҳлил оид ба беҳтар намудани иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо(СУС) ва рушди транзит ва ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода қайд намуд, ки таъсиси Кумита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020, Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат намуд.
Илова ба ин аз ҷониби Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин рӯнамоҳо оид ба фаъолияти Кумита, таъсиси котиботи доимоамалкунанда дар назди Кумитаи мазкур, татбиқи муқаррароти Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо ва лоиҳаи пешакии Харитаи роҳ пешниҳод гардид.
Дар баробари ин, ҷаласа муколамаи озодро байни кормандони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ фароҳам оварда, пешниҳодҳои намояндагони бахши хусусӣ манзур гардида, барои баррасӣ ба мақомоти давлатӣ пешниҳод карда шуданд.
Дар натиҷаи ҷаласа, супоришҳои дахлдор вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта ба аъзои Кумита бо протоколи дахлдор барои баррасӣ ва иҷро ирсол карда шуданд.
Қайд бояд кард, ки Кумитаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, №529 таъсис дода шудааст.
Мақсади асосии Кумита ҳамоҳангсозии бахши давлатӣ ва хусусӣ, муайян намудани мушкилоти ҷойдоштаи бахши хусусӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, афзоиш ва диверсификатсияи содироти маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб меравад.