Навиди Вазорат



Мулоқоти Вазир бо ҷаноби Юе Бин

.

Рӯзи 31 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳалқии Ҳитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Юе Бин баргузор гардид.

Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ, аз ҷумла оид ба рушди савдои байнидавлатӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Ҳалқии Ҳитой, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, саноат, сайёҳӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.