Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якумин «Намоишгоҳи байналмилалии воридотии Экспо»
5-10 ноябри соли ҷорӣ дар якумин «Намоишгоҳи байналмилалии воридотии Экспо» дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода иштирок варзид.
Бояд қайд намуд, ки намоишгоҳи мазкур дар таърихи савдои ҷаҳонӣ навоварӣ буда, ҷиҳати кушодашавии бозори Хитой ва дастрасӣ ба он барои воридоти маҳсулоти кишварҳои ҳамшарик заминаи мусоид фароҳам мегузорад.
Дар намоишгоҳи номбурда намояндагони зиёда аз 3600 ширкат аз 172 кишвар маҳсулоти худро ба харидорони Хитой пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон дар доираи сафар бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо Форуми тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 50 ширкати хитоӣ ширкат варзиданд. Дар доираи он рӯнамо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо соҳибкорони хитоӣ ва фазои сармоягузории кишвар ба пешкаш гардид.