Навиди Вазорат



Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио Де Стефано

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир Неъматулло Хикматуллозода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия ҷаноби Манлио Де Стефано баргузор гардид. 

Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, энергетика, сайёҳӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд. 


Инчунин Вазири рушди иқтисод ва савдо ташриф ба иштироки ҷаноби Манлио Де Стефаноро дар чорабинии таърихӣ - ба истифода додани агрегати якуми НБО Роғун, ки санаи 16 ноябри соли ҷорӣ сурат мегирад, хайримақдам намуд. 


Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.