Гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба рушди ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон
21-22 ноябри соли 2018 гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба рушди ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Душанбе баргузор гардиданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Федералии Олмонро роҳбари Департаменти «Осиёи Марказӣ, Шарқи Осиё, Лаос ва Камбоҷа»-и Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ), хонум Кэтрин Оллерс роҳбарӣ намуд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷиддин Ҷӯразода роҳбарӣ намуд. Кэтрин Оллерс гуфтушунидҳои байниҳукуматиро ифтитоҳ бахшида қайд намуд, ки гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.
Гуфтушунидҳои мазкур дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифтанд бо мақсади баррасии ҳолати кунунӣ ва гуфтушунидҳои муносибатҳои дуҷониба ва омодагӣ ба ҳамкориҳои дуҷониба барои солҳои 2018 то 2020, ки соли 2020 дар ш.Берлини, Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба нақша гирифта шудаанд, баргузор гардиданд.
Ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро бо мақсади Рушди устувори иқтисодиёт таъкид намуданд. Ҳамзамон, дастгирии минбаъда дар соҳаҳои зерин асосан таъмин карда мешавад: тандурустӣ, бахши молиявии хурд, энергетика, таҳсилоти касбӣ ва рушди инноватсионӣ.
Инчунин, дар ҷараёни машварат масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои татбиқшаванда, ки аз ҷониби Ҳукумати Германия маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷумла, таъмир ва таҷдиди дармонгоҳҳои бемориҳои сил ва сохтмони дармонгоҳи кӯдаконаи бемории сил дар Мачитон, беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ ба занони ҳомила ва кӯдакони навзод, беҳтар намудани сифати ёрии таъҷилии тиббӣ, сохтмони мактабҳои нав дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Рашт, ҳамчунин барқарор намудани инфрасохтори коммуналӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳо дар самти энергетика, аз ҷумла ҷалби сармояҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаи НБО «Себзор» ибрози андеша намуда, ҷониби Олмон дар татбиқи лоиҳаи номбурда кумаки моливӣ намудан омодагии худро иброз дошт.
Пас аз музокирот, протокол ба имзо расид.