Вохӯрии Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Бонки ҷахонӣ
23 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Бонки ҷахонӣ оид ба баррасии лоиҳаи меморандоми иқтисодии Бонки ҷахонӣ баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо оид ба вазъи макроиқтисодии ҷумҳурӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва бонкдорӣ, дастгирии бахши хусусӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо баён доштанд.