Навиди Вазорат



Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар ноҳияи Рӯдакӣ

.

Рӯзи 21-уми декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат, бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.

Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ бо талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту  аёниятҳои дарсӣ  таъмин гардидаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуршед Машрабов бунёд ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ, ин соҳибкор бунёди муассисаи мазкурро ба зимма гирифта буд ва сохтмони ин иншоот дар зарфи як сол пурра анҷом дода шуд.   

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дорои 23 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбҳои гуногун, дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шудааст, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронида мешавад. Ҳамзамон як синфхонаи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои компютерӣ пешбинӣ шуда, 8 утоқи дигар барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ бунёд гардидааст. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, ҳамчунин муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой мебошад.

Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ҳамчунин барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин  мебошад. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи алоҳидаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият мекунад, пайваст гардидааст. Барои иншооти мазкур хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва барқ  кашонида шуда, ҳамчунин трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамонияти  неруи барқ дар ҳудуди иншоот насб гардидааст.

Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкор дар масоҳати 1 гектар варзишгоҳи замонавӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Гирду атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ зебу оро ёфта, пурра майсазор карда шудааст.

Қобил ба тазаккур аст, ки бинои қаблии Муассисаи таълимии №7-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 1958 бунёд ёфта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва шароити мусоиди таълимӣ ҳалли худро ёфт. Акнун онҳо метавонанд дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ба дарсомӯзӣ машғул гарданд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити таълимии муассисаи мазкур, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон, хонандагон ва аҳли маорифи ноҳияи Рӯдакӣ суханронӣ карда, ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро ба онҳо таҳният гуфтанд. Пешвои миллат ҳамчунин аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид ҷиҳати омӯхтани илм, азхудкунии забонҳо ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созанда ба камол расанд.